МАФҲУМҲО/
МАҚОМОТҲО
САРЧАШМАҲОИ ҲУҚУҚИ ДИПЛОМАТӢ ВА КОНСУЛӢ
МАСЪУНИЯТ ВА ИМТИЁЗҲОИ ДИПЛОМАТӢ ВА КОНСУЛӢ
ҲАЙАТ ВА ФУНКСИЯҲОИ КОНСУЛӢ
ҲУҚУҚИ ДИПЛОМАТИИ ТАШКИЛОТҲО
100

 Аввалин маротиба кадом олим истилоҳи «Муносибатҳои байналхалқиро» дар илм ба миён гузошт?

олими англис Ҷереми Бентам (1748-1832) 

100

Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» _____қабул шудааст.

31 декабри 2014

100

Моҳияти ин масуният аз он иборат аст, ки ҳокимияти кишвари будубош ба биное, ки консулгарӣ ишғол кардааст, бидуни розигии сарвари намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ҳуқуқи дохилшудан ё гузаронидани амалҳои маҷбуриро (кофтуков, ҳабс кардан, реквизитсияи молу мулк ва ғайра) надоранд.

Дахлнопазирии манзили консулӣ.

100

Вобаста аз дараҷаҳои муассисаҳои консулгарӣ сарварони онҳо номгузорӣ шудаанд: 

 1) консулӣ генералӣ 

2) консул, 

3) ноиб-консул, 

4) агенти консулӣ. 

100

Созишномаи байни СММ ва ИМА оид ба ҷойгир намудани муассисаҳои марказии СММ кай қабул шудааст

 26 июли соли 1947

200

«Сулҳ ва акси он –ҷанг» аз сафирон вобаста мебошад. Ин суханон дар кадом асар қайд шудаанд? 

Қонуни Ману (Ҳинди қадим)

200

ҶТ ба Конвенсияи Вена оид ба равобити дипломатӣ 1961 кадом сол/руз ҳамроҳ шуд?

4 ноябри соли 1995

200

Дар маҷмуъ ба масоили дахлнопазирии намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулӣ бо  кадом моддаҳо танзими худро ёфтаанд?

моддаи 22 Конвенсияи Венагӣ 1961

моддаи 31 Конвенсияи Венагӣ 1963

200

Бақайд гирифтани истиқоматкунандагони доимӣ ва муваққатии шаҳрвандони давлати хеш дар минтақаи консулӣ, ба кадом гуруҳи функсияҳои консулӣ дохил мешавад?

функсияҳои махсуси консулӣ

200

Конвенсия «Дар бораи масуният ва имтиёзҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттахид» кадом сол қабул шудааст?

21 ноябри соли 1947

300

Ин мафҳумро кадом олим пешниҳод намудааст "Дипломатия - ин фаъолияти сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва мақомоти махсуси равобити беруна оиди ба амал баровардани ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии давлат, ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат дар хориҷӣ кишвар мебошад"?

А.А. Громыко

300

 Конвенсияи Вена оид ба равобити дипломатӣ 1961 чанд пратоколи иловагӣ доро мебошад?

Пратаколи иловагӣ оиди ҳалли ҳатмии баҳсҳо 

Пратаколи иловагӣ оиди ба даст овардани шаҳрвандӣ

300

Дахлнопазирии бойгонӣ, ҳуҷҷатҳои  намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулӣ бо  кадом моддаҳо танзими худро ёфтаанд?

моддаи 22 Конвенсияи Венагӣ 1961

моддаи 33 Конвенсияи Венагӣ 1963

300

Аслан муасcисаҳои мустақили консулиро ба чанд дараҷа тақсим мекунанд: 

1) консулгариҳои генералӣ,

 2) консулгариҳо, 

3) ноиби-консулгариҳо,

 4) агентҳои консулӣ.

300

Меъёри мазкур дар кадом санади байналмилалӣ қайд шудааст: «намояндагони узви ташкилот аз имтиёзоту масуниятҳое, ки барои иҷрои мустақилонаи вазифаҳои онҳо вобаста ба фаъолияти СММ заруранд, истифода мебаранд»

Банди 2 моддаи 105 Оинномаи СММ

400

 давлат, созмони байналмилалӣ ё шахси мансабдори асосии иҷрокунандаи он, ки ба онҳо барои нигоҳдорӣ нусхаи аслии шартномаи байналмилалӣ супорида шуда, нисбат ба ин шартномаи байналмилалӣ вазифаи дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинишударо иҷро менамоянд;

маҳфуздоранда

400

Конвенсия оиди пешгирӣ ва ҷазои ҷиноӣ ба муқобили ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналхалқӣ қарор дорад кадом сол қабул шудааст?

 1973

400

Дахлнопазирии почтаи намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулӣ бо  кадом моддаҳо танзими худро ёфтаанд?

банди 3 моддаи 27 Конвенсияи Венагӣ 1961

моддаи 35 Конвенсияи Венагӣ 1963

400

Дар кадом ҳолат консулгарӣ ба шаҳрванди кишвари худ шаҳодатномаи бозгашт пешниҳод менамояд?

ҳангоми аз ҷониби шаҳрванд гум кардани шиноснома

400

Конвенсияи Вена оиди намояндагии давлатҳо дар муносибати онҳо бо ташкилотҳои байналхалқии дорои хусусияти универсалӣ аз соли 1975 чанд намуди намояндагиҳоро пешниҳод менамояд?

1. Намояндагиҳои доимии давлатҳо дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ;

2. Миссияҳои назоратчиёни доимӣ дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ;

3. Вакилони давлатҳо дар ичлосияҳои мақомоти ташкилотҳои байналхалқӣ ва дар конфронси байналхалқӣ;

4. Вакилони назоратчиён дар ичлосияҳои мақомоти ташкилотҳои байналхалқӣ ва дар конфронси байналхалқӣ.

500

Низоми мақомотҳои равобити хориҷӣ (дохилӣ ва берунаро) номбар намоед.

Вазорати корҳои хориҷӣ/ Президенти ҶТ/Ҳукумати ҶТ/ Парлумони ҶТ

Сафорат/Консулгарӣ/Намояндагӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ/Намояндагии тиҷоратӣ

Миссияҳои махсус/Делегасия дар кори созмонҳои байналмилалӣ ва конференсияҳои байналмилалӣ 

500

Сохтори Конвенсияҳои Вена 1961 ва 1963? 

аз муқаддима, 53 модда Конвенсия 1961

аз муқаддима, 5 қисм ва 79 модда Конвенсия 1963

500

Дахлнопазирии шахсият роҳбари намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулӣ бо  кадом моддаҳо танзими худро ёфтаанд?

моддаи 29 Конвенсияи Венагӣ 1961

моддаи 43 Конвенсияи Венагӣ 1963

500

Вобаста ба мақсади вуруд ва будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияҳои зерини шаҳрвандони хориҷӣ чунин навъҳои раводид дода мешаванд :

а) дипломатӣ (Д)  б) хизматӣ (Х)  в) сармоягузорӣ (С)  г) корӣ (К)  д) меҳнатӣ (М) е) туристӣ (Т) ж) таҳсилии академӣ (0-1) з) таҳсилӣ (О-2) и) хусусӣ (ХС) к) минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) л) нақлиётӣ (Н) м) барои истиқомати доимӣ (ИД) н) экипажи киштии ҳавоӣ (Л) о) воситаҳои ахбори омма (Ж) п) ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ХШ) р) варзишгарон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ (ВХ) с) табширӣ (ТД) т) башардустона (Б) у) тиҷоратӣ (ТИ)

500

Намояндагони доимии ҶТ дар назди СММ аз соли 1992 то 2026, номбар намоед

1) Каюмов, Лаким Каюмович (1992)

2) Рашид Алимов (1994)

3) Сироджиддин Мухриддин (Аслов) (2005)

4) Махмадамин Махмадаминов (2014)

5) Хикмат, Джонибек Исмоил (с 2021 )